РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ба ин муносибат Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сарбоз» ҷамъбаст мегардад

Февраль 15, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи охири моҳи феврал Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сарбоз» ҷамъбаст мегардад. Дар ин озмун сарбозони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар санъати мусиқӣ ва қироати ифоданоки шеър маҳорату истеъдоди худро месанҷанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сарбоз» дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.

Барои баргузории ин озмун вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, адлия, фарҳанг, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Гвардияи миллӣ, иттифоқҳои нависандагон ва композиторон вазифадор гардидаанд.

Мақсади асосии баргузории озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳо байни сарбозони сохторҳои қудратии мамлакат ва тарғиби хизмати ҳарбӣ мебошад.

Дар озмуни мазкур дастаҳои ҳаваскори қисму воҳидҳои низомӣ иштирок намуда, дар рақсу сурудхонӣ, нотиқӣ, таҳияи рӯзномаҳои деворӣ ва хондану қироат намудани суруду шеърҳои ватандӯстона маҳорат нишон медиҳанд. Ғолибони озмун дар ҷамъбасти он бо мукофот ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мегарданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад