САҲМГУЗОРӢ ДАР РУШДИ СОҲАИ ПАХТАКОРӢ. Хоҷагии «Кӯлоб»-и Вахш пахтакорони ноҳияро бо чигити тухмии ватанӣ таъмин менамояд

Февраль 18, 2025 15:41

ДУШАНБЕ, 18.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб»-и ноҳияи Вахш имсол беш аз 800 тонна чигити тухмии аълосифат, аз ҷумла 150 тонна навъи 93-26, 500 тонна навъи султон, 100 тонна навъи лазер ва 10 тонна навъи мая-455 захира намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» яке аз хоҷагиҳои калонтарин маҳсуб шуда, имкон дорад дар мавсими кишт хоҷагиҳои пахтакори ноҳияро бо чигити тухмии ватанӣ таъмин намояд. Инчунин барои кишти пунбадона беш аз 100 техника ва 30 тухмипошак омода мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар ноҳияи Вахш дар 2 ҳазор гектар кишти зери плёнкаи пунбадона мегузаронанд. Барои гузаронидани кишти зери плёнка бо тарзи муосир дар ноҳия 5 тухмипошаки зери плёнка ба кор омода мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни вохӯрӣ бо кишоварзон иброз намуд, ки дар кишти пунбадона аз тухмиҳои серҳосили ба иқлим мутобиқ ва дорои сертификат истифода бурда, нақшаро дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонанд.

Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Кооперативи тиҷоратӣ-тухмипарварии «Нуфузи Вахш» фаъолият мекунад, ки дорои 54 гектар замини корами обӣ аст. Дар 3 гектари он картошка кишт намудаанд. Имсол дар 46 гектар пунбадона кишт мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон шуда, равнақ бахшидани соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, аҳамияти бузург пайдо намудааст. Ба кишоварзон, пеш аз ҳама, зарур аст, ки фаъолияти худро самаранок, яъне бо усули интенсивӣ ба роҳ монанд. Аммо дар соҳаи пахтакорӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон — минтақаи калонтарини кишоварзии мамлакат, барои афзоиши истеҳсоли пахта ва коркарди он масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам зиёданд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба рушди соҳаи пахтапарварӣ, кишоварзони вилояти Хатлон дар масъалаи боло бурдани ҳосили пахта ва интихоби тухмиҳои баландсифат кор мебаранд. Азбаски имкони васеъ намудани заминҳои кишт хеле маҳдуд аст, онҳо талош доранд дар майдонҳои мавҷуда ҳосилнокиро баланд бардоранд.

Пахта ҳамчун зироати техникӣ ба шумор рафта, дар таъмини аҳолӣ бо равған, хӯроки чорво бо кунҷора ва нах барои корхонаҳои саноатӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матуоти Раиси вилояти Хатлон

 

Февраль 18, 2025 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард