Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳамоиши сеюми иқтисодии Баҳри Хазар иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳамоиши сеюми иқтисодии Баҳри Хазар, ки дар шаҳри Теҳрон доир шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвазири мамлакат паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни ин ҳамоиш расонида, ба роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати даъват ба ҳайси меҳмони фахрӣ ва пазироии гарму самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Таъкид гардид, ки ҳамоиши Баҳри Хазар ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид фароҳам оварда, ба майдони муколамаи васеи робитаҳои гуногунҷанба табдил ёфтааст ва дар шароити таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳонӣ он барои рушди устувор ва таҳкими ҳамгироӣ на танҳо дар байни кишварҳои ҳавзаи Хазар, балки дар байни дигар давлатҳои минтақа низ аҳамияти хосса пайдо намудааст.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки ҳоло минтақаи Баҳри Хазар ба ҳайси яке аз марказҳои стратегӣ ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии кишварҳои минтақа ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Ба андешаи Сарвазири мамлакат, танҳо дар соли 2024 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои ин минтақа наздики 20 фоиз афзоиш ёфта, дар ҳаҷми умумии гардиши савдои ҷумҳурӣ беш аз 40 фоизро ташкил менамояд.
Қоҳир Расулзода бо таъкиди мавҷудияти имконияту захираҳои зиёди ҳамкорӣ дар доираи минтақаи Баҳри Хазар таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоишро дар ҳамин замина ба рушди Долони байналмилалии нақлиётии Хазар, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад, ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо 98 фисади неруи барқи аз манбаъҳои таҷдидшаванда истеҳсолшаванда, омодааст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар «энергияи сабз» содирот намояд. Бо таваҷҷуҳ ба соҳаи саноат изҳори итминон карда шуд, ки дар заминаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати химия, металлургия ва кишоварзӣ натиҷаи дилхоҳ ҳосил мешавад ва ҷониби Тоҷикистон омода аст барои сармоягузорони кишварҳои ҳавзаи Хазар шароити мусоиди ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварад.
Дар идома Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳифзи муҳити зист ва ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷонибдории давлатҳои аъзои он ҷалб намуда, ҳозиринро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-30 майи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






