Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Теҳрон зиёд менамояд

Февраль 4, 2025 11:43

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Теҳрон зиёд менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».

Шуруъ аз 3 феврали соли 2025 вақти парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон тағйир ёфта, барои сафари мусофирон вақти мусоид фароҳам оварда мешавад. Акнун парвозҳо на шомгоҳ, балки рӯзона иҷро мегарданд. Ба ин тариқ вақти парвоз аз Душанбе соати 10:00 ва аз Теҳрон соати 12:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Ҳамзамон аз 5 марти соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» рӯзҳои чоршанбе низ дар ин масир парвозҳоро иҷро мекунад, ки ин ба афзоиши гардишгарӣ байни Душанбе ва Теҳрон мусоидат менамояд. Парвоз аз Душанбе соати 14:00 ва аз Теҳрон соати 16:50 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба самти Теҳрон 2 соату 50 дақиқа ва дар самти муқобил 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, аз 5 март ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Теҳрон ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва чоршанбе парвозҳо анҷом медиҳад. Парвозҳо аз тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мешаванд.

«Дар доираи музокироти сарони ду давлат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарду ҷониб таҳким ва густариши равобити дуҷонибаро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар робита ба ин мо бо хушнудӣ аз афзоиши шумораи парвозҳо дар масири Душанбе-Теҳрон иттилоъ медиҳем. Ин қарор бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба тақвияти муносибатҳо байни давлатҳоямон мебошад. Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Эрон барои мусофирони хатсайрҳои ҳавоӣ, бешубҳа, ба фаъол шудани гардишгарӣ, табодули фарҳангӣ ва тиҷоратӣ мусоидат намуда, сафари мусофирони моро боз ҳам муносибтар мегардонад. Мо дар навбати худ мекӯшем барои ҳар нафаре, ки ширкати моро интихоб менамояд, сатҳи баланди хизматрасонӣ ва эътимоднокиро таъмин намоем», — иброз дошт директори генералии ширкати «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев.

Бояд гуфт, ки ҳоло парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат буда, ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад.

АКС: «Сомон Эйр»

Февраль 4, 2025 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд