Соли 2024 аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 19 монографияи илмӣ ба нашр расид

Февраль 12, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки дар озмоишгоҳҳои таълимӣ аз барномаҳои муосир истифода намояд ва дар ин самт аллакай 40 фоизи корҳо ба анҷом расонида шуданд. Дар ин хусус Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Иброз гардид, ки соли 2024 дар доираи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040» дар муассиса 3 синфхонаи муҷаҳҳаз бо компютерҳои муосир барои ихтисосҳои зеҳнӣ ташкил ва ба истифода дода шуд.

Омӯзгорони донишкада 19 монографияи илмӣ ба нашр расониданд. Дар ин давра 60 машварату вебинари илмӣ ва 6 конфронси байналмилалию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Февраль 12, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид