Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари бахши ҳамкории Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе хонум Изабел Уриз Эрнандес баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар самти амалӣ намудани лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла самаранокии энергия ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва коҳиш додани талафоти неруи барқ таъкид гардид.
Бо қаноатмандӣ иброз гашт, ки муносибатҳои дуҷониба минбаъд низ густариш ва тақвият хоҳанд ёфт.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






