ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, шанбе, 53-юмин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 22, 2025 08:00

22 феврали соли 2014 дар шаҳри Ҳошимини Ветнам қуръакашии даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футзал баргузор гардид. Дар натиҷаи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «А» дохил гардида, ҳарифонаш дастаҳои Ветнам, Кувайт ва Ироқ муайян шуданд.

***

22 феврали соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 22-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

***

22 феврали соли 2016  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9-ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуданд.

***

22 феврали соли 2018 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

22 феврали соли 2019 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд.

***

22 феврали соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд.

***

22 феврали соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

22 феврали соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парламенти Аврупоро бо роҳбарии Давид Макаллистер ба ҳузур пазируфтанд.

***

22 феврали соли 2023 дар Душанбе нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи фазои иттилоотӣ ва фарҳанги истифодаи интернет баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон  Ордени «Дуслик» сарфароз гардонида шуданд.

22 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии дастгирии ҷабрдидагони ҷиноят

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷумъабой Сангинов-соли  1952,— пизишк, доктори илмҳои тиб, профессор. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994).

Февраль 22, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, сешанбе, 350-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст