ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ равона мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи феврали соли 2025 донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои таҳсил тибқи барномаҳои табодули академӣ ба Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мераванд.
Бо ин мақсад ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо донишҷӯёне, ки тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи давлатии Брести Ҷумҳурии Беларус равона карда мешаванд, вохӯрӣ намуда, бо онҳо оид ба таҳсил дар хориҷи мамлакат суҳбат намуд.
Ба донишҷӯён қоидаҳои будубош, тартибу интизом, одоби намунавӣ, хониши хубу аъло ва бахусус муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ дар хориҷи давлат таъкид карда шуд.
Ин иқдом дар пайравӣ аз ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, дар оянда идома меёбад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






