Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?

Февраль 14, 2025 16:35

ВАҲДАТ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, яке аз мушкилии асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ронандагону мусофирон ба ҳисоб меравад. Шаҳри Ваҳдат вилоятҳои Бадахшону Хатлон ва минтақаи Раштро бо шаҳри Душанбе пайванд мекунад. Сабабгори асосии танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалии маркази шаҳри Ваҳдат зиёд гардидани мошинҳои боркашу сабукрав ва таваққуфгоҳҳои ғайриқонуние мебошад, ки аз онҳо мошинҳои мусофирбари Ваҳдат — Файзобод, Ваҳдат  — Душанбе, Ваҳдат — шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Ваҳдат — ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр истифода менамоянд.

Имрӯз, 14 феврал зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сардори шуъбаи Вахдат-Нораки Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт Абдулвоҳид Холназаров сабабҳои танбашавӣ ва бартараф нагардидани таваққуфгоҳҳои ғайриқонунии мошинҳои мусофиркаш дар назди бозори «Стансия», чорроҳаи назди ҳукумати шаҳр ва назди Муҷассамаи Модарро пурсон шуд.

Сардори шуъбаи Вахдат-Нораки Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт гуфт, ки «сабаби танбашавӣ зиёд гардидани мошинҳо мебошад. Давоми соли 2024 нисбат ба 2650 нафар ронандагоне, ки қоидаҳои роҳро вайрон карданд, ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуд. Ҳамчунин барои сокинону меҳмонони вилоятҳои Бадахшону Хатлон роҳи байналмилалии иловагӣ аз назди корхонаи истеҳсоли шифери ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба воситаи ҷамоатҳои Гулистону Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат (22 километр) ташкил карда шуд, ки ронандагон метавонанд аз он истифода намоянд».

Вале Абдулвоҳид Холназаров нисбат ба бартараф кардани таваққуфгоҳҳои ғайриқонунӣ посухи қонеъкунанда надод.

Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода вобаста ба мушкилии танбашавии мошинҳо ва вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон иброз дошт, ки «барои бартараф кардани ин мушкилот ояндаи наздик татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оғоз мегардад. Дар амалишавии ин лоиҳа назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ пешбинӣ гардидааст».

Дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки ба ифтихори Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва саноатикунонии шаҳри Ваҳдат соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон 10 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ, аз қабили 6 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, 1 корхонаи истеҳсоли мебел, 1 корхонаи истеҳсоли маҳлули шустушӯйӣ, 1 корхонаи истеҳсоли борҷома (ячейкаҳо) барои тухм ва 1 корхонаи истеҳсоли зарфҳои калони пластикӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани 808 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 426 иншоот: 14 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 34 иншооти соҳаи тандурустӣ, 51 иншооти соҳаи маориф, 8 иншооти соҳаи варзишу фарҳанг, 128 иншооти соҳаи хизматрасонӣ, 77 иншооти савдою хӯроки умумӣ, 21 бинои баландошёна, 3 бинои маъмурӣ ва 30 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд.

Инчунин 37 км роҳҳо таъмир шуда, 6 адад пул сохта шудааст. Дар иншооти боқимонда корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон идома доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2025 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд