Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа, коҳишёбии сатҳи ҷинояткорӣ ва пешгирии ифротгароӣ дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ҳадафи асосии ҳамоиш таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа арзёбӣ гардида, иштирокчиён ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон таваҷҷуҳ намуданд.
Иброз гардид, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии шиддати ҷинояткорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ҷинояткории муташаккилона, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз байн бурдани тамоюли манфии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти миллӣ як қатор чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқиро гузаронида истодааст.
Таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, илмӣ ва ахлоқии насли наврас ва ҷавонон, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама, дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳо сафарбар карда шавад.
Ҳамчунин иштирокчиён зимни ҳамоиш дар хусуси нақшаи даъват ва сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯхтани мактаби далериву мардонагӣ, хизмат ба Ватан-Модар ва шароити таъминотии муҳайёгардида дар қисмҳои низомию ҳарбӣ сухан намуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






