15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон. Дар бозорҳои истеъмолӣ 35 тонна маҳсулоти бесифат нобуд карда шуд

Март 15, 2025 08:54

ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маҳсуб мешавад. Ҳадаф аз он тарғиби ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон зимни хариди молу маҳсулот ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

9 апрели соли 1985 Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон қабул гардида, мақом ва мартабаи онро ба сатҳи байналмилалӣ бардошт. 25 ноябри соли 2010 ҷаласаи нахустини Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин бобат қарори махсус ба тасвиб расонид, ки минбаъд дар ин мамлакатҳо 15 март чун Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пазируфта шуд.

Дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» сардори Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Андамов иброз дошт, ки «дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисодию бозаргонӣ, инчунин зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон дастрасӣ ба маҳсулоти озуқавории бехатар масъалаи ҳаётан муҳим ва рӯзмарра гардидааст. Дар ин замина Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ, карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад. Бо мақсади татбиқи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март ҷашн гирифта мешавад, зери шиори «Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба ғизои солим ва хизматрасонии муносиб» бо истифода аз ваколатҳо бо ҷалби доираи васеи мутахассисони сохторҳои мақомот чорабиниҳои зарурӣ доир менамояд».

«Назорат оид ба сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизои мардум (бахусус чорводорӣ ва растанигӣ) бояд дар раванди занҷири пурраи истеҳсол, коркарду истеъмол ё ин ки «аз саҳро то рӯи миз» таҳти назорати мақомоти назорати бехатарии озуқаворӣ қарор дода шавад. Вале мутаассифона, ин занҷир фақат дар зинаҳои алоҳида ва ё охирин таҳти назорат қарор мегирад, ки ба шакли дақиқ ва мукаммали комплексии ташхиси сифат ва бехатарии он баҳои дуруст дода намешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳукқуқи истемолкунандагон» аз 9 декабри соли 2004 дар таҳрири нав қабул гардид. Ин қонун муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунанда ва фурӯшандагонро дар мавриди хариди молу маҳсулот ва фармоиши кору хизматрасонӣ ба танзим медарорад»,-гуфт Исмоил Андамов.

Нақши асосии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назорати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, пешгирии ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, шароити коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо дар бозорҳои яклухт ва чаканаи ҷумҳурӣ, татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасони карантинии растанӣ буда, мақомоти ҳудудии кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин сиёсатро амалӣ менамоянд.

Исмоил Андамов таъкид намуд, ки имрӯз шароити нигоҳдорӣ, анборҳо, сардхонаҳо дар бозорҳои хусусигардонида ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» беҳтар гардида бошад ҳам, ба растаҳо ва павилионҳо ҷудо накардани маҳсулот вобаста ба муҳлати истеъмол, тезвайроншаванда, тару тоза ва хушкмеваҳо ба ҷараёни ташхис, инчунин баҳодиҳии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аксаран ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мавриди хариди маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолӣ поймол мегардад. Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ 65 озмоишгоҳи таъминоти бехатарии озуқаворӣ, маркази миллӣ ва 22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, тамоми маҳсулот баъди назарсанҷӣ барои истифода ва истеъмол бароварда мешавад.

Тибқи иттилои Исмоил Андамов, дар 2 моҳи соли 2025 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 200 ҳазору 545 ташхис гузаронида шуда, 9709,6 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 1767,3 килограмм (литр) маҳсулоти ширӣ, 1269,8 литр равғани растанӣ, 4209 дона тухми паранда, 176,3 килограмм моҳӣ, 159,8 килограмм асал, 1460,6 килограмм маҳсулоти намакин, 2379 килограмм маҳсулоти хушк, 17128 килограмм меваю сабзавот ва 373 маҳсулоти полезӣ, дар маҷмуъ 34,5 тонна ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян шуда, аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд.

Бо мақсади роҳ надодан ба воридоти маҳсулоти пастсифат ва хатарнок ба ҷумҳурӣ 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, маҳсулоти озуқаворӣ аз тарафи мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мавриди назорати байторию фитосанитарӣ қарор дода мешавад. Тамоми маҳсулоти озуқаворӣ тибқи тартиби муқарраргардида фақат бо иҷозати кумита ба ҷумҳурӣ ворид шуда, тамоми маҳсулоти гӯштию ширӣ мавриди назарсанҷӣ қарор дода мешавад ва баъдан бо назардошти хулосаи ташхис барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ба ҷумҳурӣ бо риояи тартиботи қонунгузории миллии амалкунанда ва аз он корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тибқи талаботи Кодекси ҳайвоноти рӯизаминии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот аз аккредитатсия гузаронида шудаанд, иҷозат дода мешаванд. Дар мавриди муайян намудани қонунвайронкунӣ ҳангоми парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби мутахассисони мақомоти бехатарии озуқаворӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда мешаванд. Дар 2 моҳи соли 2025 нисбат ба 239 нафар протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 61623 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба буҷаи давлат ворид карда шуд.

«Дар робита ба ҷашни Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон зиёда аз 3000 буклет бо фарогирии маълумоти марбут ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин аз ҷониби дигар мақомоти ҳудудии  кумита низ буклетҳои алоҳида омода карда шуда, дар бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳо, дар бозорҳои истемолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ паҳн карда мешаванд.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани сифату бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии ҳолатҳои ба фурӯш ва истифода баровардани маҳсулоти пастсифат чораҳои заруриро амалӣ менамояд»,-гуфт Исмоил Андамов.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 15, 2025 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардиданд
Дар вилояти Хатлон кишти пунбадона оғоз гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба маблағгузории «сабз» баррасӣ гардид
Дар масири Душанбе-Бишкек нахустин парвози мустақим анҷом дода шуд
Ширкатҳои чинӣ барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ҷайҳун рӯнамо пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир хостори таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика гардиданд
Барномаи маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба амалиёт бо сангу металлҳои қиматбаҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
14 март — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура. Прокуратура яке аз сохторҳои калидии низоми давлатдорӣ аст
Феврали соли 2025 — гармтарин моҳ дар таърихи мушоҳидаҳо. Президенти Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дода буданд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти содирот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Ширкати ҳавопаймоии «Kish Airlines»-и Эрон ба самти Душанбе парвозҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад