Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА дар Теҳрон иштирок намуд

Март 3, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Барномаи ҳамкории  байналмилалӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои шарик оид ба ташкили долони нақлиётии  «Аврупо — Қафқоз-Осиё», ТРАСЕКА (Transport Corridor Europe-Caucasus-Asia, TRACECA) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода  иштирок намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Асет Асавбоев дар бораи фаъолияти Котиботи доимӣ дар давраи раёсати Гурҷистон ҳисобот дод.

Иштирокдорони ҷаласа иҷрои Нақшаи амалро барои солҳои 2022-2026 оид ба татбиқи Стратегияи Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА  дар бораи  рушди долони байналмилалии нақлиётии «Аврупо-Қафқоз-Осиё» барои солҳои 2016-2026 муҳокима намуданд. Роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокчии созишномаи асосии бисёрҷонибаи ТРАСЕКА дар бораи корҳои анҷомдода дар давраи раёсати Гурҷистон ҳисобот пешниҳод  намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки марбут ба рушди ҳамлу нақли мултимодалӣ, сода кардани расмиёти убури марзҳо, рақамикунонӣ ва  дигар  тадбирҳое, ки ба рушди минбаъдаи долони ТРАСЕКА  дахл доранд, баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин ба масъалаҳои таъсиси Шурои тиҷоратии ТРАСЕКА, ворид кардани тағйирот ба баъзе  санадҳои барнома  ва такмили фаъолияти  минбаъди он низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ҷаласа қатъномаҳои ниҳоӣ ба имзо расиданд, ки натиҷаҳои кори анҷомдодаро инъикос намуда, барои қадамҳои минбаъда тавсияҳо  пешбинӣ менамоянд.

Дар доираи ҷаласа муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия Абдулқодир Уралоғлу, Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон  Фарзона Содиқ, муовини Вазири идораи ҳудудӣ ва инфрасохтори Арманистон Армен Симонян, Котиби миллии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА дар Руминия Мария Магдалена Григоре, сардори раёсати робитаҳои хориҷии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Булғория Иванка Григориева мулоқот намуда, масъалаҳо оид ба рушд ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишварҳоро дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, масоили марбут ба лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ, ҳавасмандгардонии интиқолдиҳандагон, сода гардондани тартиби додугирифти иҷозатномаҳо барои гузариши транзитии мошинҳои боркаш мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад