Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Индонезия матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Тайиланд ва Индонезия Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Сугионо мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба имконияти густариш ва тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илму маориф ва фарҳангӣ байни ду мамлакати дӯст зоҳир намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






