Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оид ба рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар мулоқоти Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Бонки Осиёии рушд таҳияи «Стратегияи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро идома медиҳад. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки рушди соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳими ин стратегия пешбинӣ шавад.
Ҳамзамон мусоҳибон аҳамияти ҷалби сармоягузории хориҷӣ, тавсеаи ҳамкорӣ ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалиро дар ин самт таъкид намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






