«ҒАНИМАТ ДОНАД ИН ФАСЛИ НАКӮРО…». Дар Тоҷикистон баҳор фаро расид

Март 1, 2025 10:05

ДУШАНБЕ, 01.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март рӯзи аввали фасли баҳор аст. Агар дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин хонанд, дар Тоҷикистон онро «арӯси сол» ва фасли пурфайз меноманд. Ин фаслро давраи бедории табиат, эҳёи арзу само, ибтидои гирудори марди деҳқон ба хотири фардо мегӯянд.

Кишти баҳорӣ — дар зиёда аз 100 ҳазор гектар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 28 феврали имсол иброз намудаанд, ки «баҳор фасли зиндашавии табиат ва оғози заҳмати созанда мебошад». Фасли баҳорро мавсими кишту кор ва оғози заҳмати марди деҳқон медонанд. Деҳқонон бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони мардум ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ аз тамоми имконият истифода мебаранд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, деҳқонон дар фасли баҳор бо мақсади истифодаи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, қонеъ гардонидани талабони аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом тамоми тадбирҳоро меандешанд. Дар мамлакат 661 ҳазору 713 гектар замини корам мавҷуд аст, ки 463 ҳазору 892 гектарашро заминҳои обёришаванда ташкил медиҳанд. Тибқи нақша, барои ҳосили соли 2025 дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 271 ҳазору 942 гектар кишти ғалладонагӣ пешбинӣ гардидааст, ки 170 070 гектарро кишгти тирамоҳӣ ва 101 ҳазору 872 гектарро кишти баҳорӣ ташкил медиҳад.

Кишоварзон аз ҳар рӯзи фасли баҳор самаранок истифода бурда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон ранҷи зиёд мекашанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Як рӯзи баҳор- пур кунад анбор».

Баҳор омад, он деҳқони корӣ,
Камар бандад пайи кишти баҳорӣ.
Ғанимат донад ин фасли накӯро,
Кашад аз баҳри роҳат ранҷу хорӣ.

Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ

Фасли баҳор ҳамчун айёми ниҳолшинонӣ мавсими тозакунии шохаву навдаҳои зиёдатии дарахтон ва нарм намудани бехи онҳо мебошад. Имрӯзҳо ин ташаббуси нек дар саросари мамлакат авҷ гирифта, бо шарофати он гӯшаву канори шаҳру деҳотамон боз ҳам сабзу хуррам мегардад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст. Дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, беҳтарин замон барои шинонидани ниҳол ҳавои салқин аст, зеро дар ин вақт ҳанӯз дарахтон хобидаанд. Рӯзҳои авввали баҳор низ барои шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишию ҳамешасабз ва гулу буттаҳо хеле созгор мебошанд.

Боғдорӣ — соҳаи сердаромадтарини кишоварзӣ

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурӣ соли 2023 майдони умумии боғу токзор 204 114,9 гектар буда, аз он 39 721,3 гектарро токзор ташкил медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат тибқи маълумоти оморӣ, то аввали соли 2024 кишоварзони ҷумҳурӣ дар 906,8 гектар боғот ва дар 117,4 гектар токзор бунёд намуданд. 508,2 гектар боғот ва 110,9 гектар токзор дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд карда шудаанд. Инчунин дар ин давра дар 1300 гектар боғот ва 304,4 гектар токзор корҳои барқароркунӣ амалӣ шуданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2025 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид