Ҷашни Наврӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо намоиши дастовардҳои истеҳсолӣ, ихтироот ва инноватсия таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносону таърихдонон бо далелҳои қотеи илмӣ собит намудаанд, ки Наврӯз тарихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҷашни оғози баҳору эҳёи табиат, кишту кори деҳқон, мавсими кори чорводорон, ҷашни на танҳо инсон, балки ҳама мавҷудоти олам аст. Ин нуктаро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар базме, ки ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ин вазорат баргузор гардид, иброз дошт.
Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ суфраи наврӯзӣ, дастовардҳои илмӣ, истеҳсолӣ, тарроҳии муосир дар бахши либоси миллӣ, ихтирооти инноватсионии донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт менамояд».
Мардум бо дилу нияти пок ва шукргузорӣ аз давлати ободу озод барои ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона заҳмат мекашанд.
Вазири саноат ва технологияҳои мамлакат афзуд, ки соҳаи саноат яке аз самтҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва муҳайё намудани ҷойи кор солҳои охир нишондиҳандаҳои бештарро соҳиб гардид. Бо ин нигоҳ накарда, бояд ҳар нафар корманди ин самт барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумати малакат бобати расидан ба зиндагии шоиста тамоми имконият ва неруи зеҳниро равон намояд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст






