Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маҳсуб мешавад. Бо ин мақсад Агентии «Тоҷикстандарт» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гурӯҳи таблиғотӣ таъсис додааст, ки онҳо дар бозору фурӯшгоҳҳо, корхонаю муассисаҳо бо соҳибкорон, фурӯшандаҳо, харидорон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандони касбу кори гуногун суҳбату мулоқот доир менамоянд.
Мақсад аз силсилавохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон буда, дар ҷараёни ин чорабиниҳои маърифатӣ ба иштирокчиён нахуст варақаҳои иттилоотӣ оид ба таърих ва мақсаду мароми эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақдим карда шуданд. Ҳамзамон сокинон даъват шуданд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба стандартҳои давлатӣ, ки дар меҳвари онҳо эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқҳои истеъмолӣ қарор дорад, бо масъулияти баланд риоя намоянд.
Тавре мутахассиси пешбари нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» Маҳмарасул Ахмедов иброз намуд, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандон ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва ба ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат дода мешавад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидани ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя менамояд. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул шудааст.
«Дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва бехатарӣ таҳдид менамояд ва ё ба поймол намудани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф намудани нуқсони мол ё иваз намудани он, ҷуброн намудани арзиши мол ва ё мутобиқан паст намудани нархи он, барқарор намудани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, маълумоти пурраю дақиқ дар хусуси моли харидашавандаю тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ нишон дода шудаанд», -иброз намуд ӯ.
Таъкид шуд, ки тибқи талаботи қонун, истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли бесифат фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда аз ин хусус огоҳ нанамудааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки он ба моли дигари ҳамин тамға ё ба ҳамон навъ моли тамғаи дигар иваз карда шавад. Ҳамчунин фурӯшанда бояд нуқсони молро бемузд бартараф ё маблағеро, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн намояд. Ҳамчунин истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли бесифат ба ӯ расидаро талаб намуда, иваз намудани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар ҳолати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ дар муддати то 14 рӯз талаб намояд.
Бо назардошти коҳиш додани санҷишҳо Агентии «Тоҷикстандарт” таҷрибаи пешбурди назорати ҷамъиятиро дар бозорҳои истеъмолии мамлакат муваффақона давом медиҳад. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва рақами Viber-ии мақомот (988-50-22-22), инчунин телефони боварии 2 33 68 69 фаъол мебошад. Истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор намудани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолияш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат менамоянд. Ҳамзамон Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон овезаҳои таблиғотӣ ташкил намудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






