Бахшида ба Рӯзи Модар дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Модар фариштаи меҳру шафқат» доир гардид

Март 6, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 март бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Модар фариштаи меҳру шафқат» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлил ва иттиллоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабиниӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо, кормандони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони меҳнат ва дигар занону духтарони фаъол иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи модарону духтарон фароҳам гардида, занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ роҳ ёфтанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор мебошанд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, ба занону духтарон туҳфаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.


АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Март 6, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд