Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар барои занон — модароне, ки дар тозагии кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ва муҳити озодаи он саҳми назаррас доранд, хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории хатсайр қадршиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба меҳнати шабонарӯзии занон — модарон мебошад.
Дар доираи хатсайр аз ҷониби роҳбаладон вобаста ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ҳангоми саёҳат ба иштирокчиён барои саҳми арзанда гузоштан дар тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои пойтахти мамлакат изҳори сипос карда шуд.
Хатсайри сайёҳӣ аз назди Майдони 80-солагии Москва, назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз гардида, ба самти Майдони Истиқлол ва Осорхонаи таърихии Душанбе (Маҷмааи Истиқлол) ҳаракат намуд. Иштирокчиён ин осорхонаро низ тамошо намуданд.
Ба хотири болидаруҳии занону модарон бо иштироки ҳунармандон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, ба онҳо ширинӣ ва гулҳои тару тоза тақдим карда шуд.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе























АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд






