Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Чин конфронс доир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва директори генералии Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Чин Чжан Яоминг ҷонибҳо оид ба рушди дурнамои ҳамкории илмӣ изҳори назар намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ба масъалаи баргузории конфронсу симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хосса равона гардида, ҷонибҳо барои баргузор намудани конфронси сатҳи байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо барои таъсиси озмоишгоҳи наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир дар заминаи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), ки бо дастгирии ҷониби Чин ба истифода дода мешавад, ба мувофиқа омаданд.
Қарор аст, ки озмоишгоҳи нав моҳи апрел бо иштироки ҷонибҳо мавриди истифода қарор дода шавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






