Бо Пешвои муаззаму сулҳофар ифтихор менамоем!

Март 20, 2025 11:48

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллати тоҷикон шахсияти воқеан азизу нотакрори таърихӣ буда, бо азму иродаи матин, фазилати баланд ва дурандешии берун аз доираи тафаккури инсони заминӣ бо кору амалҳои худ пайваста собит менамоянд, ки мактаби давлатдорӣ ва таҷрибаи сулҳофарии Президенти Тоҷикистон нодиртарин мактаб дар таърихи давлатдории муосир мебошад.

Агар хомӯшсозии оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва бунёду устувор намудани давлатдории муосири тоҷикон аз ҷумлаи дастовардҳои нодири Пешвои муаззами миллат бошад, пас бо сабурии бемисл ва таҳкими сиёсати сулҳофарияшон хотима бахшидан ба ихтилофҳои беш аз 100-солаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳамчун мероси ногувори таърихӣ арзи ҳастӣ дошт, аз ҷумлаи қаҳрамониҳо ва фидокориҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ мебошад.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ — баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат муваффақона татбиқ шуда, барои миллати тоҷик самараи манфиатбор меоварад.

Мавриди тазаккур аст, ки маҳз бо ҳалли масъалаҳои мураккаби марзӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамҷавор нуктаҳои мубрами Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии мамлакат тадриҷан амалӣ гардида, муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯсту ҳамҷавор  тибқи усулу меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва воқеияти ҷаҳони муосир тақвият бахшида шуд.

Дар баробари ин, таҷрибаи ҳамзистии дӯстона  бо халқҳои Осиёи Марказӣ ва рушди робитаҳои ҳасана ва ҳамкории  гуногунҷанбаи мутақобили судманд бо кишварҳои минтақа вусъат бахшида шуд.

Бо истиқрори сулҳ бо давлатҳои ҳамҷавор барои густариши бештари муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тавсеа бахшидани  ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму фарҳанг, технологияҳои нав,  сармоягузорӣ ва такмили ниҳодҳои демократӣ заминаи устувор побарҷо гардид.

Боиси ифтихору сарфарозии миллати точик аст, ки барои наслҳои имрӯз ва фардои миллатҳои Осиёи Марказӣ сулҳу суботи офаридаи Пешвои миллати тоҷикон ояндаи дурахшони ҳамзистии осоиштаи дарозмуддатро муқаррар намуд.

Бояд гуфт, ки ҳалли пурраи масъалаҳои баҳсӣ ва муқарраршавии сарҳадҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ба саҳифаи нави муносибатҳои неки созанда ва мутақобили судманд оғоз бахшида, боиси бамаротиб рушд намудани нишондиҳандаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ, истеҳсоли молҳо, тиҷорати байниҳамдигарӣ, рушди хизматрасониҳо, рафтуомади  озоди байниҳамдигарӣ ва рушди сайёҳӣ ва дар маҷмуъ рушди бемисли иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Итминон дорем, ки иқтидори иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ босуръат афзоиш ёфта, дар ҳар давлати миллӣ  дар алоҳидагӣ ва ҳам дар маҷмуъ  сатҳу сифати зиндагии мардум комилан баланд мегардад.

Боиси ифтихори бузург аст, ки сулҳу суботе, ки Президенти Тоҷикистон бар ивази ҷонфидоиҳои худ дар Осиёи Марказӣ асос гузоштанд, бо гузашти солҳо бо хати заррин дар саҳифаи таърихи ҳалли низоъҳо дар муносибатҳои ҷаҳонӣ сабт мегардад.

Бешубҳа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо маҳбуби миллати тоҷик ва халқҳои ориёӣ, балки фарохтар аз он ҳамчун Асосгузори сулҳу суботи минтақаи Осиёи Марказӣ маҳбуби дилҳои мардумони ин минтақа ва кулли мардуми некбини ҷаҳони муосир гардидаанд.

Ифтихор аз Пешвои мардумӣ ва ҷонфидоию созандагиҳои бемисли ин шахсияти бузургу воқеан нотакрори таърихӣ моро водор менамояд, ки барои рушди устувору дарозмуддати Тоҷикистон содиқона хизмат намоем.

Фирдавс МУҚАДДАСЗОДА,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
профессори кафедраи Идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 20, 2025 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?