Чӣ тавр вақтро дар интернет бо манфиат истифода бурдан мумкин аст

Март 14, 2025 10:47

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кинофилмҳо, мусиқӣ, бозиҳои онлайн, яъне интернет намудҳои гуногуни фароғатро пешниҳод менамояд. Аммо вақти холиро барои худтакмилдиҳӣ низ сарф  кардан  мумкин аст. Дар баробари  пешниҳоди тарофаҳои дорои  ҳаҷми   зиёди трафик МегаФон Тоҷикистон  имкониятро барои вақтгузаронии  пурсамар ва муфид  дар интернет боз мекунад. Вале  ин  ҳоло анҷоми кор нест,  зеро  оператор инчунин машғулият ва чорабиниҳои такмилдиҳанда баргузор менамояд.        

«Академияи МегаФон» 

Таҳти ин унвон  ду платформаи таълимӣ — оффлайн ва онлайн амал мекунанд. Якумаш барои сокинони шаҳри Душанбе дастрас буда, дуюминро ҳамаи хоҳишмандон дар дилхоҳ  ҷое, ки  интернет таъмин аст, истифода  бурда  метавонанд. Шумо метавонед бо ёрии он   ихтисосҳои талаботпазирро омӯзед ё ҷаҳонбинии худро  васеъ намоед.

Машғулиятҳо доираи васеи соҳаҳоро, ба монанди IT, психология, рӯзноманигорӣ, маркетинг, забонҳои хориҷиро дар бар мегиранд.    Машғулиятҳо онлайн дар ҳамкорӣ бо платформаҳои  пешқадами  таълимӣ таҳия  мегарданд. Нархи омӯзиш хеле дастрас аст   — 1 сомонӣ дар як рӯз.

Маълумоти муфассал ва  номнависӣ  ба машғулиятҳо ин ҷо:

Замимаҳо барои такмили  донишу маҳорат   

Имконоти омӯзиши онлайн дар сомонаи асосии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» низ мавҷуданд.  Масалан, дар он ҷо  замимаҳо  барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешниҳод  мегарданд. Барои онҳое, ки нияти кору зиндагӣ  дар Русияро доранд  ё  дар мамлакатҳои дорои   забони муоширати байналмилалии англисӣ таҳсил кардан мехоҳанд,  ин хеле муфид аст.

Замимаҳоро дар сомона  бо чунин тартиб дарёфт  кардан мумкин аст: дар тарафи  болои саҳифаи асосӣ  қисми  «Боз ҳам»–ро пайдо намуда, баъдан ба сатрҳои «Ҳамаи мундариҷа»- «Таълим» гузаред. Ё бевосита тавассути суроғаи гузаред. Омӯзиши онлайн барои ҳама дастрас аст. Чунончи,  забони русиро  аз хона набаромада, ҳамагӣ бо арзиши   0,74 сомонӣ дар як шабонарӯз омӯхтан мумкин аст.

Чорабиниҳои онлайн 

МегаФон Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳои шавқоварро, аз қабили ҷамъомадҳо, конфронсҳои онлайн ва машғулияти омӯзишӣ доир менамояд. Масалан, чанде пеш оператор дар ҳамкорӣ бо «Академияи Ҳумо» машғулияти дизайни графикӣ баргузор намуд.

Маълумот дар бораи чунин чорабиниҳо, аз ҷумла чорабиниҳои  ройгон барои иштирокчиён дар саҳифаҳои расмии ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд. Аз эълонҳо бехабар  намонед ва     ба таври  онлайн пайваст шавед. Барои озодона истифода бурдани интернет барои омӯзишу такомули шахсӣ ҳаҷми  барои худ зарурии   трафикро интихоб намоед. Дар тарофаи «Биё!» Бисоз Life»    бастаҳоро бо ҳаҷми аз 10 ГБ то 150 ГБ пайваст карда метавонед.   Ҳамааш ба эҳтиёҷоти шахсии шумо вобаста аст.

Интернет ва вақтҳои холиро барои омӯзиш ва баландбардории донишу маҳорати худ сарф намоед. Дониши бадастовардаатонро метавонед  барои пешрафти фаъолият, аз ҷумла барои кор дар ягон  ширкати бузурги муваффақ истифода баред. Масалан, ҷойи кори холии ҷолибро ин ҷо пайдо намудан мумкин аст.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 

Март 14, 2025 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд