Дар Бохтар доир ба нақши технологияҳои рақамӣ дар воситаҳои ахбори омма конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Март 6, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 март дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) таҳти унвони «Нақши технологияҳои рақамӣ дар воситаҳои ахбори омма» конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар конференсия иброз гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт».

113 сол пеш бо ибтикори гурӯҳе аз равшанфикрону фарҳангиёни тоҷик нахустин рӯзномаи тоҷикӣ  таъсис дода шуд, ки минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт.  Дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, тиҷорату бозаргонӣ, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.

Дар конференсия як зумра устодони донишгоҳ бо «Сипоснома»-и Академияи воситаҳои ахбори омма ва «Ифтихорнома»-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин гурӯҳе аз омӯзгорон ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Барномаи адабӣ-фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён ва дастаи ҳаваскорони «Левакант»-и донишгоҳ пешниҳод гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Март 6, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд