Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҳамчун фарҳанг нигоҳдорандаи асолату ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимии тоҷикон ба ҳисоб рафта, марҳилаи зиёди пурпечутобро убур намуда, то замони мо расидааст. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷамъомади идона, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Иштирокдорони ҷамъомади идона дар бораи таърих ва моҳияти ин ҷашни пуршукуҳ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ва дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба ҷашни миллию байналмилалӣ табдил ёфтани он сухан намуданд.
Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мо аст, ки дорои таърихи чандҳазорсола буда, аз замонҳои қадим то имрӯз бо ваҳдату иттиҳод, созандагию ободкорӣ, дӯстию инсонпарварӣ ва дигар арзишҳои олии башарӣ мардумро гирди ҳам овардааст. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ расму анъана чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми мо ҷашнҳои муқаддаси миллӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро давоми асрҳо ҳифз намуда, ба онҳо то ба имрӯз арҷ мегузоранд. Ин ҷашнҳо арзишҳое, чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстии қавму миллатҳои гуногунро зиёд менамоянд.


Наврӯз анъана ва суннатҳои нек дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ин анъанаҳо бо мақсади дастгирии дармондагону ниёзмандон ба таври мунтазам дар арафаи Наврӯз ва дигар идҳои расмӣ ба Муассисаи давлатии «Литсеи махсуси касбӣ»-и шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳӣ»-и шаҳри Ҳисор ва дигар шахсони ниёзманду оилаҳои камбизоат кумаки моддию маънавӣ мерасонад.
Профессор Равшан Раҳмонӣ дар робита ба таърихи пайдоиш ва анъанаи Наврӯз баён дошт, ки «дар рушду эҳё ва таҳкиму муаррифии Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ саъю талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз бо ташаббуси роҳбари давлати мо созмони ЮНЕСКО соли 2009 ин ҷашни пайвандгари наслҳову аслҳоро ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии олам ворид намуд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша кӯшиш намоем, ки ҳангоми баргузории Наврӯз ба ҷанбаҳои бунёдкорӣ, миллатсозӣ, ваҳдатофаринӣ, зебоипарастӣ ва эҳсоспарварии он таваҷҷуҳ намоем ва хусусияти миллии онро намоиш диҳем».
Дар қисмати дигари ҳамоиш намояндагони созмони ҷавонони бонк ва занони Бонки миллии Тоҷикистон бо шеъру таронаҳои наврӯзӣ руҳияи аҳли нишастро болида намуданд. Инчунин ғолибони мусобиқаҳои варзишии Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуданд, аз ҷониби роҳбарияти бонк бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд
Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2459 то 9.2700 сомонӣ муқррар шудааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд






