Дар Давҳа роҳҳои афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар шаҳри Давҳа мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Вазири давлатӣ доир ба тиҷорат ва саноати Давлати Қатар доктор Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Сайид баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ, бахусус роҳҳои афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии байни ду давлатро бо инобати баргузории форумҳои тиҷоратию сармоягузории муштарак баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор гардида, омодагии онҳо барои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






