Дар Донишгоҳи миллӣ оид ба пешоҳангии Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳфили «Паҳно»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Тоҷикистон-пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар маҳфил сарходими Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Абдулҳамид Қаюмов доир ба марҳилаҳои омӯзиши пиряхҳо, бахусус анҷом додани экспедитсия дар Антарктида, натиҷаҳои илмии бадастомада, ҳамчунин дар амал татбиқ намудани донишҳои мавҷуда дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо тавассути навори видеоӣ ва слайдҳои мушаххас маълумоти муфиду ҷолиб пешниҳод намуд.
Абдулҳамид Қаюмов аз саҳми назарраси Тоҷикистон дар баррасии масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд. Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-ро таъсис ёфт. «Маҳз натиҷаи таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо буд, ки дар Тоҷикистон 6 стансияи омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд»,- изҳор дошт профессор.
Гуфта шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, ба монанди «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад, далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳимияти масоили баррасишаванда мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) зимни иҷлосияи 77-ум қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул намуд. Ин ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Дар асоси он 29-31 майи соли равон дар Тоҷикистон бо тасмими Созмони Милали Муттаҳид конфронси байналмилалӣ доир ба ин мавзуъ баргузор мешавад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд






