Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба обҳои партов ва нӯшокӣ тренинги омӯзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тренинг оид ба омӯзиши обҳои партов ва нӯшокӣ бо ҷалби коршинос — муҳандиси ширкати Таҳлили обҳои саноатӣ (IWA) баргузор шуд, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар тренинг омӯзгорон ва донишҷӯён тавассути машғулиятҳои назариявӣ, амалии таҷрибавӣ ва муҳокимаҳои интерактивӣ дониши амиқ дар бораи таҳлили сифати муҳити зист ва об пайдо намуданд.
Иштирокчиён ба усулҳои ташхиси оптикӣ, электрохимиявӣ, турбидиметрия ва ташхиси микробиологӣ шинос шуданд.
Баргузории чунин тренингҳо ва машваратҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии мутахассисон боиси дастгирӣ буда, барои рушди соҳаи экологӣ нақши муҳимро мебозанд.
Аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва коршиноси байналмилалӣ ба ҳамаи иштирокчиён сертификат супорида шуд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






