Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад
ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
11 март вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко доир шуд. Зимни он ҷонибҳо доир ба масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 5 июни соли 2024 дар шаҳри Минск ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он Протоколи ниҳоии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Ёддошти тафоҳум дар бораи такмили низоми идентификатсия, бақайдгирӣ ва мониторинги ҳайвонот байни Муассисаи давлатии «Маркази системаҳои иттилоотӣ дар соҳаи чорводорӣ»-и Ҷумҳурии Беларус ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт






