Дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 50 корхонаи заргарии ватанӣ, ҳунармандон ва тарроҳони заргарӣ, инчунин зиёда аз 200 ҳунарманди хориҷӣ — брендҳои заргарӣ аз Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Русия, Туркманистон, Туркия, Узбекистон, инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Шарқи Наздик дар Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон, ки 24 март дар шаҳри Душанбе таҳти унвони ««Дар саргаҳи хазинаи Амударё» оғоз ёфт, иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи форум муовини якуми Сарваизири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияи эҷодии «TZ» аз 24 то 26 март гузаронида шуда, дар таърихи саноати заргарии Тоҷикистон, хусусан дар самти рушди ҳунармандӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳадафи Форуми заргарӣ муттаҳид намудани устодону дизайнерҳо, истеҳсолкунандагон, сармоягузорон ва коршиносони ватанию хориҷӣ мебошад.
Дар Форуми заргарӣ ҳунармандон, тарроҳон, истеҳсолкунандагон, сармоягузорон ва коршиносони беш аз 15 давлати ҷаҳон намояндагони сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ, ширкатҳои маъруф, ки ҳам заргарӣ ва ҳам таҷҳизоти саноати заргарӣ истеҳсол менамоянд, дар маҷмуъ беш аз ду сад нафар иштирок доранд, ки зиёда аз 100 нафари онҳо намояндагони кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Дар Форуми заргарӣ мақсад гузошта шуд, ки барои тарғиби анъанаҳои заргарии тоҷик, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ платформаи хосса бунёд карда шавад. Иштирокдорони асосии форум намояндагони бахши давлатӣ мебошанд, ки ба истеҳсоли таҷҳизот барои соҳаи заргарӣ ва маҳсулоти заргарӣ ҷалб шудаанд, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва бахши хусусӣ, яъне ширкатҳо, истеҳсолкунандагони металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маҳсулоти заргарӣ, хонаҳои заргарӣ ва брендҳо, заргарон – ҳунармандон, тарроҳони маҳсулоти заргарӣ ва сармоягузоронеянд, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳ доранд ва омодаи фаъолият дар ин самт ҳастанд.
Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон барои таблиғи анъанаҳои санъати заргарии тоҷикон, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ платформаи беназир фароҳам овард. Дар раванди форум ба коршиносон ва муҳаққиқони соҳаи санъати заргарӣ ва коллексионерҳо аҳамияти махсус дода мешавад. Дар доираи форум ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки дар онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоти фарҳангӣ, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимии заргарӣ метавонанд дониш ва малакаи худро тавассути заминаҳои амалӣ ва назариявии санъати заргарӣ пурра намуда, бо тамоюлҳои муосири рушди соҳа дар миқёси байналмилалӣ шинос шаванд. Барномаи банақшагирифтаи форум хеле гуногун аст ва тамоми ҷанбаҳои санъати заргариро фаро мегирад. Баргузории ҷаласаи пленарӣ ва сессияҳои мавзуӣ, намоишгоҳи таҷҳизоти заргарӣ, намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти заргарӣ, намоиши мӯд дар ҳамкорӣ бо брендҳои заргарӣ, нишастҳои таълимӣ, мастер-классҳо ва дигар доираҳо зарфи се рӯз пешбинӣ шудааст. Дар Форуми байналмилалии заргарӣ масъалаҳои татбиқи технология, рушди инноватсионӣ ва тамоюлҳои соҳаи заргарӣ муҳокима гардид. Ба иштирокдорони он имконият дода мешавад, ки бо кластерҳои заргарӣ дар Душанбе ва меҳмонони хориҷӣ бо осорхонаҳо ва маҷмааҳои фарҳангии Тоҷикистон шинос шаванд.
«Мо кӯшиш менамоем, ки тавассути муколамаи ошкоро ба амалӣ намудани робитаҳои мустақим байни иштирокдорон дар қолабҳои гуногун мусоидат намоем, ҷомеаи сармоягузориро ба ҳамкорӣ ҷалб намоем ва ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалиро дар тамоми занҷири глобалии эҷоди арзиши иловашуда дар бахши заргарӣ тақвият бахшем, — иброз намуд Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир. — Зеро мардуми тоҷик ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо намудааст».
Тасдиқи ин гуфтаҳо коллексияи заргарӣ дар осорхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба монанди Осорхонаи Британия, Осорхонаи Виктория ва Алберт дар Лондон мебошад, ки дар онҳо ганҷҳои қадимии Амударё ҷойгир шудаанд. Инчунин осори ҳунари заргарии тоҷикон дар Осорхонаи давлатии Русия, Эрмитажи давлатӣ дар Санкт-Петербург, Осорхонаи этнографии Русия дар Санкт-Петербург, Осорхонаи Метрополитен дар Ню-Йорк ва ғайра нигоҳ дошта мешаванд. Илова бар ин, истихроҷи металлу сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо дар Тоҷикистон имрӯз 30 фоизи саноати маъданро ташкил медиҳад, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат марказҳои заргарӣ ба фаъолият намуданд. Маҳсулоти онҳо анъанаҳои заргарии ҳар минтақаро бо таваҷҷуҳ ба тамоюлҳои муосир инъикос намуда, насли нави тарроҳони ҷавон бо идеяҳои нави эҷодӣ ба истеҳсолоти заргарии мамлакат ҷалб гардидаанд.
Дар Намоишгоҳи Тоҷикистон, ки дар доираи Форуми байналмилалии заргарии «Дар саргаҳи хазинаи Амударё» ташкил гардид, дастовардҳои санъати заргарии тоҷик ва технологияҳои нави ин соҳа, инчунин маҳсулоти заргарии корхонаҳои заргарии ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар доираи Форуми байналмилалии заргарӣ ду ҷаласаи панелӣ оид ба технологияҳо ва таҷҳизоти пешрафта баргузор мегардад, ки барои истеҳсоли ҷавоҳирот истифода мешаванд. Ҳамзамон дар форуми заргарӣ масълаҳои марбут ба беҳтар кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи заргарӣ: мушкилот ва имконият дар чор ҷаласаи таълимӣ, аз ҷумла дарси маҳорат оид ба «Асосҳои тарроҳӣ дар таҳияи ҷавоҳирот» барои заргарони навкор аз ҷониби бренди машҳури заргарӣ гузаронида шуда, баррасӣ мешаванд. Мақсади форум ба тақвияти робитаҳо байни ширкатҳое, ки дар истихроҷи маъдан ва заргарӣ фаъолият менамоянд, таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар тамоми занҷири глобалии эҷоди арзиши иловашуда дар бахши заргарӣ ва табодули таҷриба байни иштирокдорон дар соҳаи истифодаи инноватсия ва технологияҳои нав дар бахши заргарӣ нигаронида шудааст.
Форуми байналмилалии заргарии Душанбе ба иштирокдорон имконияти беназире фароҳам овардааст, ки дониш ва таҷрибаро тавассути шиносоӣ бо тамоюлҳои байналмилалӣ дар ин соҳа ғанӣ гардонанд. Ва он ба иқтидори касбии истеҳсолкунандагони ҷавоҳироти маҳаллӣ, соҳибкорон, ҳунармандон, ҳунармандони ҷавон ва тарроҳон тақвият мебахшад. Инчунин иштирокдорони Форуми заргарӣ дар ҷаласаҳои таълимӣ, намоиши ҷавоҳирот ва мӯд иштирок намуда, маконҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо менамоян боздид менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»