Дар Душанбе масъалаҳои соҳаи гематология баррасӣ шуданд

Март 4, 2025 14:29

ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 март ҷаласаи гурӯҳи экспертии таҳияи лоиҳаи Низомномаи ташкилоти заминавии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи гематология ба тариқи маҷозӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа намояндагони соҳаи тандурустӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва кормандони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои пешниҳоду эродҳо ба Низомномаи ташкилоти заминавиро баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки гематология омӯзиши хун дар бораи саломатӣ ва беморӣ мебошад. Мушкилот бо мағзи устухон, ки аксарияти ҳуҷайраҳои хуни баданро тавлид менамояд, баъзан метавонад сабаби бемориҳои хун гардад. Соҳаи гематология мекӯшад сабабҳои ин мушкилот, таъсири онҳо ба саломатии инсон ва пайдо намудани ҳалли ин масъаларо дарк намояд.

Гематологҳо чунин шароит, ба монанди камхунӣ, лейкемия, ихтилоли лахташавӣ ва саратони хунро ташхис ва табобат менамоянд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2025 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид