Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ба оилаҳои ниёзманд кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ёрмандӣ ба табақаи ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» ва «Turkiye Diyanet vakfi»-и Туркия ба 200 нафар ятим, маъюб ва ашхоси дигари ниёзманд кумакҳои яквақтаина расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, дар доираи ин дастуру супоришҳо дар пойтахти мамлакат 200 оилаи ниёзманд бо маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти донагӣ таъмин гардиданд. Чунин амали инсонпарварона ва наҷиб дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» Ҷамшед Сафаров иброз дошт, ки дар доираи чунин иқдом дар ҳамкори бо шарикон – «İHH İnsani Yardım Vakfı»-и туркӣ ва «Сhinta Gaza Malaysi»-и малайзӣ то 15 март ба 2000 оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои мамлакат кумакҳои моддӣ дар ҳаҷми 60 тонна расонида мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, барои дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
Бояд гуфт, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» 13 июли соли 2016 ба фаъолият оғоз намудааст. Ин ташкилот тақрибан ҳамасола ба ҳазорҳо хонаводаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ кумак мерасонад.
Тавре Ҷамшед Сафаров иброз дошт, соли 2023 ташкилот ба 1700 оилаи ниёзманди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат маводи ғизоӣ тақсим намуд, ки дар маҷмуъ 45 тоннаро ташкил дод.
«Соли 2024 ба 1016 оилаи ниёзманд маводи ғизоӣ расонида шуд. Инчунин ба хона-интернатҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Душанбе, инчунин ноҳияҳои Восеъ, Сангвор ва Рӯдакӣ кумак расонида, баҳри бошандагони онҳо дастархони идона ороста шуд», -афзуд Ҷамшед Сафаров.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ масҷид пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёми шодбошӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд, ки садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст.
«Ҳикмати садақа аз назари иҷтимоӣ – ҳамрозу ҳамнавои ҷомеа дар ғаму саодати он будан аст. Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон, оилаҳои камбизоат ва шахсони бесаробон дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии ҷумҳурӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм гузоштан бисёр муҳим мебошад», — таъкид доштанд Пешвои миллат.
Таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Ҷамшед Сафаров пайваста саҳми муносиби худро дар корҳои ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон ва шахсони имконияташон маҳдуд мегузорад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»













Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






