Дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти вазирони саноати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуд

Март 7, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Вазири саноат ва технологияҳои пешрафтаи Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Султон Аҳмад Ал-Ҷобир баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, дар вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергияи «сабз», кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, саноати сабук, коркарди озуқаворӣ, технологияи инноватсионӣ ва зеҳни сунъиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо зарурати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои тиҷоратиро зарур шумурданд.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов иштирок намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Март 7, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид