Дар Теҳрон ҳамоиши бузургдошти Низомии Ганҷавӣ баргузор гардид

Март 15, 2025 14:18

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар шаҳри Теҳрон ҳамоиши бузургдошти ҳаким Низомии Ганҷавӣ бо ҳузури роҳбарони вазорату ниҳодҳои фарҳангӣ, аҳли илм, адаб ва ҳунари Эрон, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва алоқамандони мероси ин шоири бузурги форсизабон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ доир ба мақоми волои ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар адабиёти минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунин доир ба дастовардҳои низомишиносии тоҷик изҳори андеша намуд.

Сафир аз ҷумла, гуфт, ки ҳаким Низомии Ганҷавӣ бузургтарин сарояндаи достонҳои ғиноӣ дар адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешавад. Пас аз он ки ҳаким Фирдавсӣ бо офариниши «Шоҳнома»-и безаволи худ кохи муҳташамеро дар достонсароии ҳамосии тоҷику форс эҷод кард, ӯ бо «Хамса»-и худ кохи дигари шеъри форсизабонро дар сурудани достонҳои ғиноӣ бунёд ниҳод.

Таъкид гардид, ки Низомии Ганҷавӣ аз шоирони барҷастаи форсигӯ аст, ки бо «Хамса» ва ё «Панҷ ганҷ»-и худ суннати хамсанависиро дар адабиёти тоҷику форс пайрезӣ намуд ва бад-ин васила ба номаш муҳри абадият зад.

Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон тамоми осори Низомии Ганҷавӣ ба зевари табъ ороста гардида, дар хидмати алоқамандони шеъру адаб гузошта шудааст. Муҳаққиқони тоҷик, аз қабили Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Аълохони Афсаҳзод, Худоӣ Шарифзода ва дигарон роҷеъ ба ҳаёт ва осори Низомии Ганҷавӣ таҳқиқоти судманд анҷом додаанд.

Намунаҳои осори Низоми Ганҷавӣ ба китобҳои дарсии мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ворид шудааст. Теъдоде аз хиёбонҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба исми ин шоири бузург номгузорӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир маҳбуби халқи тоҷик устод Мирзо Турсунзода, ки мафтуни ашъори Низомӣ буд, эътироф кардааст, ки «шеъри ноб ва инсонпарваронаи Низомӣ маро шоир кард». Бо асарпазирӣ аз «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ Мирзо Турсунзода манзумаи арзишманди «Ҷони ширин»-ро суруд.

Намоишномаҳое бар пояи достонҳои «Хамса»-и Низомӣ, аз ҷумла «Хусрав ва Ширин» ва «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ дар театрҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳунарманди тоҷик Амирбек Мусоев операи «Хусрав ва Ширин»-ро бар пояи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ таҳия намуд, ки дар соли 2019 дар ҷашнвораи театрии «Парасту» мақоми якумро сазовор гашт.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки ном ва осори Низомии Ганҷавӣ ҳалқаи васли кишварҳову миллатҳои минтақа, мисли Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон ва тамоми форсизабонони ҷаҳон мебошад. Ба ин маънӣ, бузургдошти ҳаким Низомии Ганҷавӣ бузургдошти сармояҳои адабӣ ва арзишҳои маънавии муштарак аст, ки дар тӯли қарнҳо кулли форсизабонон ва миллатҳои минтақаро ба ҳам пайвастаанд. Ашъори ин шоири маънисаро имрӯз низ моро ба таҳкими равобит ва таомулоти фарҳангӣ дар ин дунёи пуртазод ва пуртаҳаввул даъват мекунад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Март 15, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд