Дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳу пул ва долонҳои зиддитармавӣ бунёд ва таҷдид карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои оянда дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳҳо, пулҳо ва долонҳои зиддитармавӣ бунёд ва таҷдид карда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар ин хусус дар Нақшаи тадбирҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, таъкид карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки Нақшаи тадбирҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ бармеоянд, бо Амри Сарвари давлат аз 18 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст. Мутобиқи банди 31-и ин санад солҳои 2025-2026 андешидани тадбирҳои махсуси амалӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини сифати баланди сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгарди «Данғара – Гулистон» (50 километр), «Гулистон – Фархор» (33 километр), сохтмон ва таҷдиди 52 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, бунёди 4,5 километр роҳ дар минтақаи Барсем, 550 метр долонҳои зиддитармавӣ, сохтмони пули дарозиаш 82 метр дар болои дарёи Шорф ва пули дарозиаш 200 метр дар болои дарёи Ғунд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст.
Барои татбиқи саривақтӣ ва босифати ин лоиҳаҳо ба вазоратҳои нақлиёт, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон супоришҳои дахлдор дода шудаанд.
Тибқи банди 20-и Нақшаи тадбирҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардидаанд, ки «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» — ро бо назардошти маълумоти мушаххас ва дақиқ дар бораи захираю имконияти мавҷуда, самтҳои афзалиятнок ва асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳоло таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Данғара-Гулистон» бо дарозии 50 километр ва «Гулистон-Фархор» бо дарозии 33 километр оғоз гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 ноябри соли 2024 дар ҷараёни сафар ба вилояти Хатлон ба сохтмони ин ду лоиҳа оғоз бахшиданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






