Дар ЮНЕСКО аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон гуфтанд
ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии об ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, чорабинии сатҳи баланд доир шуд, ки дар он Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шуда, дар ин самт мамлакати мо аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас, созанда ва дурнамосоз ироа намуд ва ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим пазируфта шудааст.
«Боиси сарфарозии мост, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд ва аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд», — изҳор дошт ӯ.
Гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои об таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тибқи гузоришҳои байналмилалӣ, дар соли гузашта ҳаҷми обшавии пиряхҳо ба 600 гигатон расид, ки ба 2 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон, ки ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳисоби пиряхҳо дастрасӣ доранд, таъсир гузошт.


Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ тайи чанд даҳсолаи охир зиёда аз 1000 пиряхи худро аз даст додааст. Ин раванд оқибатҳои ҷиддии экологии худро дошта, боиси биёбоншавӣ, бӯҳрони кишоварзӣ ва деградатсияи хок мегардад. Талафоти иқтисодии Тоҷикистон аз офатҳои табиии вобаста ба об солона беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад.
Вазири маориф ва илм инчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои об ва иқлим ёдовар шуд. Ӯ таъкид дошт, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро қабул кардааст. Аз ҷумла, соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон гардидааст.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд






