ДАРАХТ БИНШОН! Дар маҳаллаи «Зафар»-и шаҳри Душанбе беш аз 4 000 бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд

Март 13, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Зафар»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 4 000 бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд,  ки дар оянда ба зебоӣ, тозагӣ ва беҳдошти экологии пойтахт мусоидат менамоянд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар ҳашари  ниҳолшинонӣ  ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Ин ҳашар дар доираи амалисозии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сабзазоркунии муҳити зист ва ба мамлакати сабз табдил додани Тоҷикистон, инчунин иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ободу зебо гардонидани пойтахт гузаронида шуд.

Чунин ҳашарҳо минбаъд низ идома меёбанд, зеро на танҳо ба беҳбуди муҳити атроф, балки ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи табиат мусоидат менамоянд.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 13, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад