Донишҷӯёни тоҷик ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими равобити таълимию илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи созишномаи ҳамкории байнимуассисавӣ ва барномаи табодули академӣ гурӯҳи 9-нафараи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар давраи сессияи баҳории соли таҳсили 2024-2025 ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ҷалб гардид.
Аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки табодули академӣ барои рушди малакаи касбии донишҷӯён дар заминаи шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи таълимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ доир мешавад. Донишҷӯёни интихобшуда дар барномаҳои академии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд иштирок намуда, донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.
Табодули академии донишҷӯён ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии донишҷӯён дар бозори байналмилалии меҳнат мусоидат намуда, барои онҳо имконоти нави омӯзишӣ ва касбӣ фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад






