Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон баррасӣ гардид

Март 18, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон, инчунин шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва ин шаҳру ноҳияҳо дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён мақсади баргузории ҷаласаро иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат унвон намуд.

Иброз гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар ҷаласа дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии вилояту шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2027-2028 муаррифӣ гардида,  аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд