ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 марти соли 2025 дар асоси ташаббуси глобалии Тоҷикистон ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон маротибаи нахустин аст, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мегардад.
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Он дар таърихи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид яке аз қатъномаҳои нодир маҳсуб мешавад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалии пиряхҳо ва ҳам Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо (2025) дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки бозгӯи ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон аз ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва обу иқлим дар сайёра мебошад.
Дастгирии пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби СММ муҳим аст
Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ дар назди СММ
Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла эълон гардидани 21 март- Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфтанд.
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аҳамияти пиряхҳоро таъкид намудааст
Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиши норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир мерасонад.
Ҷомеаи ҷаҳон ба ташаббусҳои Тоҷикистон эътимод дорад
Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони ин қатънома, яъне бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани ин санад бори дигар нишони он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва обу иқлим ва саҳми он барои ҳалли хавфҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Тоҷикистон-мизбони Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ҳадафи Конфронси байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути ҳамкорӣ ва амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ мебошад. Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси сатҳи баланди Душанбе дар доираи нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкории байналмилалиро дар самти андешидани тадбирҳои муассир барои ҳифзи пиряҳои сайёра баррасӣ намоянд. Конфронси сатҳи баланди Душанбе қадами муассир дар роҳи тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Таъсиси Маркази омӯзиши пиряҳҳо дар Тоҷикистон
Бо назардошти ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҳанӯз соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Марказ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар таҳияи таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим, таҳияи низоми барӯйхатгирии пиряхҳои Тоҷикистон мутобиқи феҳристи пиряхҳо дар асоси технологияи геоинформатсионии муосир, омӯзиш ва ташкили таҳқиқоти бунёдии илмӣ дар бахши тағйирёбии иқлиму омилҳои он ва омода намудани мутахассисони ботаҷриба дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо фаъолият менамояд.
Инчунин дар сохтори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази яхшиносӣ фаъолият менамояд, ки мутахассисони он дар ҳар гуна вазъи обу ҳаво дар кӯҳсор, мавзеъҳои сербарфу доманакӯҳҳо ба омӯзиши тағйирёбии иқлим, пиряхҳо, таркиби яхпораҳо, обу бод ва борон машғуланд. Идораи гидрографии экспедитсионӣ асосан соли 1956 дар ҳайати хадамоти обуҳавошиносӣ таъсис ёфтааст. Кормандони он таҳқиқи гидрографии ҳавзаи дарёҳо, омӯзиши махсуси низоми пиряхҳо, қабати барф, маҷрои об, харитасозии тарма, пешбинии сел, барфченкунӣ дар кӯҳҳо ва корҳои геодезӣ дар пиряхҳоро ба уҳда доранд.
Дар минтақаи баландкӯҳи Помир пиряхҳои зиёде мавҷуданд, ки бузургтарини онҳо Ванҷях мебошад. Агар масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Марказӣ 1700-1800 километри мураббаъро ташкил намояд, 60 фоизи он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Онҳо дар қаторкӯҳҳо дар баландиҳои 3400-5240 метр қарор доранд.
Аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон 1000 ададаш об шудааст
Миқдори пиряхҳо дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор бо масоҳати умумии 11 ҳазору 146 км² арзёбӣ мегардад, ки 8 фоизи ҳудуди мамлакатамонро ташкил медиҳад. Захираи умумии ях дар пиряхҳои мамлакат тақрибан 845 км³ арзёбӣ мегардад. Мутаассифона, солҳои охир бо назардошти раванди тағйирёбии иқлим аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд, беш аз ҳазор пирях комилан об шудааст. Дар баробари ин суръати обшавии онҳо меафзояд. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус оид ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баромад намуда, ба ҷомеаи ҷаҳон ҳушдор доданд, ки дар ҳалли масъалаи мазкур, яъне пешгирии босуръати пиряхҳо дар ҳамкории байналмилалӣ тадбирҳои муассиру самарабахш андешанд.
Роҳҳои пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо
Олимону мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар он назаранд, ки пиряхҳоро тавассути коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва қабули стратегияҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ҳифз ва нигоҳ доштан мумкин аст. Инчунин истифодаи донишҳои мардумони бумӣ, маълумоти мушоҳидакунандагони обу ҳаво ва таҳлилҳои илмӣ асоси ҳамаҷониба ва фарогири ташаккули сиёсати заруриро таъмин менамоянд. Тадбирҳои муҳим оид ба ҳифзи пиряхҳо бояд таъсиси минтақаҳои муҳофизатшаванда, мониторинги мунтазам, амалияи экологии истифодаи замин, татбиқи идоракунии маҷмуии захираҳои об ва таҳияи низомҳои огоҳкунандаро барои мубориза бо хатарҳои криосфера дар бар гиранд,- меафзоянд олимони соҳа.
Дар маҷмуъ, ҳифзи пиряхҳо ва пешгирӣ аз обшавии босуръати онҳо ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»