Имсол дар Тоҷикистон дар чанд гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад?
ДУШАНБЕ, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон тибқи нақша дар 186 883 гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад. Кишти пунбадона бо мусоид омадани ҳаво дар мамлакат аз моҳи март оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Пахтакорӣ бахши сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат буда, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад. Онро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Тибқи нақша, соли 2024 дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида мешуд, аммо кишоварзони мамлакат дар 175 057 гектар пунбадона кишт намудаанд.
Тавре Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ 30 январ иброз намуд, соли 2024 аз майдони 175 ҳазор гектар кишти пунбадона кишоварзон 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Тибқи таҳлилҳо, ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта кам мебошад.
Иброз гардид, ки соли 2024 бинобар боронҳои пай дар пайи моҳҳои март ва нимаи май кишти пунбадона тӯл кашид ва дар сатҳи ҷумҳурӣ кишти пахта то 65 рӯз идома ёфт. Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки имсол бояд киштро барвақт, сари вақт ва бо талаботи агротехникӣ оғоз намоем ва давоми 15 ё 16 рӯз пунбадона пурра кишт карда шавад.
Ба таҳлили коршиносон, кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва метавонанд, ки ҳосили баланди онро таъмин намоянд, агар аз он даромади хуб гиранд. Мушкилоти асосие, ки имрӯз мо дорем, бо арзиши паст харидорӣ кардани пахта мебошад. Хароҷоти истеҳсоли соҳаи пахтапарварӣ хеле зиёд мебошад, барои парвариши он қувваи корӣ, сӯзишворӣ, нуриҳои минералию маъдании органикӣ ва техникаи кишоварзӣ сарф мешавад. Агар ин маҳсулот бо назардошти маҷмуи хароҷоте, ки марди деҳқон барои истеҳсоли пахта сарф намудааст, каме баландтар харидорӣ шавад, ҳавасмандии марди деҳқон зиёд шуда, майдони кишт бештар ва ҳосил хуб ҷамъоварӣ мегардад.
Пахта маҳсулоти даромаднок аст. Агар кишоварзон маҳсулоти дигар парвариш намоянд, бояд онро коркард карда, зуд ба фурӯш бароранд, зеро он вайроншаванда аст. Нахи пахтаро деҳқон метавонад захира намояд ва дар ҳолати зарурӣ ба фурӯш барорад.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки тағйирёбии иқлим сол то сол ба кишти пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таъсир мерасонад. Мо бояд ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шавем. Агар ба ин вазъият мутобиқ нашавем, наметавонем ҳосили дилхоҳ ба даст орем ё дар мамлакат пахтапарвариро равнақ диҳем. Соли 2024 бо баланд гардидани гармии ҳаво кишоварзон обмониро бештар намуданд. Ин амал боиси он шуд, ки бештари растаниҳо ҳосили худро аз даст доданд. Таъмини нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо низ ба фаровонҳосилӣ мусоидат менамоянд.
Барои гирифтани ҳосили фаровон дар ин шабу рӯз аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Иҷрои талаботи агротехникаи кишти чигит яке аз омилҳои фаровон гардидани ҳосили пахта мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






