Масъалаи зиёд намудани хатсайрҳои парвоз байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 март вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин баргузор гардид.
Зимни мулоқот зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду давлат ва рушд додани соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ гардид.
Тсзи Шумин иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад, ки бо мақсади рушди сайёҳии ду давлат парвозҳои мустақимро тавассути дигар фурудгоҳҳои кишвар низ амалӣ намояд.
Масъалаи рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании мамлакат яке аз нақшаҳои асосии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар масири Душанбе-Урумчи парвози мустақим анҷом дода мешавад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






