Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика дар Москва баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳои манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв дар Москва баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи омодагӣ ба мулоқоти навбатии роҳбарони Тоҷикистон ва Русияро муҳокима намуданд.
Ҳамзамон зарурати гузаронидани аудити лоиҳаҳои мавҷуда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии онҳо таъкид шуд.
Мусоҳибон инчунин дар бораи гузаронидани ҳамоиш бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои марбутаи ҳарду давлат ба мувофиқа расиданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






