Мутахассисони Тоҷикистон ва Чин дар самти омӯзиши ҳашароти зараррасон таҳқиқот гузарониданд

Март 18, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони Институти технологияи пешрафтаи Синзяни Академияи илмҳои Чин оид ба омӯзиши яке аз ҳашароти зараррасон – малахи марокашӣ дар ҳудуди Тоҷикистон таҳқиқоти муштараки илмӣ гузарониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ҳамкории муштарак барои таҳияи чораҳои муассири мубориза бар зидди ин намуди ҳашарот, пешгӯии давраи авҷи зараррасонӣ, пешгирӣ ва сари вақт андешидани тадбирҳои зарурӣ бо истифода аз сенсорҳои захиракунандаи намию гармии замин мушоҳидаҳо гузаронида шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 18, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад