Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — ду ҷашне, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон сарчашма мегиранд

Март 21, 2025 08:23

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми Тоҷикистон дар як рӯз, яъне 21 март ду ид — Ҷашни байналмилалии  Наврӯз ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таҷлил менамоянд, ки ҳардуи ин ҷашнҳо аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Маҳз бо заҳмат ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷашни таърихию аҷдодии миллии мо Наврӯз байналмилалӣ эълон гардид ва барои наҷоти аҳли башар бо мақсади ҳифзи сарчашмаи асосии оби тоза дар кураи Замин 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд.

Агар ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз як тараф эътирофи Пешвои миллати мо дар арсаи байналмилалӣ бошад, аз тарафи дигар, ин иқдом дар роҳи шинохти миллати куҳанбунёд, тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик, ки дар рушди тамаддуни инсоният саҳми назаррас дорад, хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Яъне Президенти Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки мо меросбарони аҷдодони таърихсозу тамаддунофари худ ҳастем, имрӯз низ дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва дар рушди фарҳанги инсонӣ талош дорем.

Агар фалсафаи Наврӯз, пеш аз ҳама, таҳамулпазирӣ аст, оне ки имрӯз заминиён беш аз ҳарвақта ба он ниёз доранд, ҳифзи сарчашмаи асосии оби тоза, яъне пиряхҳо барои наслҳои имрӯзу оянда низ масъалаи муҳим дар наҷоти инсоният аст. Пас, бояд мо, тоҷикистониён аз ин ташаббусҳои Роҳбари давлат ифтихор дошта бошем ва пеш аз ҳама, ва беш аз дигарон дар роҳи тарғибу ташвиқ ва амалишавии ин ташаббусҳо заҳмат ба харҷ диҳем.

22 марти соли 2016 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ин сафари Президенти Тоҷикистон аз дигар сафарҳояшон ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони олам — Созмони Милали Муттаҳид бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳими башарӣ: 1) Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 2) Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду сана, ки ҳардуро сарчашмаи ҳаёти башар номидан бамаврид аст, ба ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд.

Воқеан ҳам, Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надод, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукуҳу шаҳомати хосса пайдо намуд ва бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллати тоҷик ҷашни  байналмилалӣ унвон гирифт. Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад.

Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд ва манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуда, ба он басе мақоми баланд доданд ва ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид намудаанд. Дар фарҳанги аҷдодии мо — «фарҳанги ҷамшедӣ» ва китоби муқаддаси ниёгонамон — Авесто мақоми об дар зиндагии инсон ва сифатҳои эзадбонуи ориёии масъули об хеле равшан баён гардидаанд. Яъне, дар Авесто об ва зиндагии фарҳангӣ ва рушди тамаддуни инсонӣ бо ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд.

Маҳз бо шарофати истиқлолияти комили сиёсӣ ва хизматҳои хастагинопазири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки меҳанро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ  доштанд ва моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва ҷумҳурии ташаббускору бунёдкор шиносониданд. Аз ҷониби мамлакатҳои алоҳида ва созмонҳои минтақавию байналхалқӣ ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари онро ба хушнудӣ пазируфтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ҷумҳурӣ ва роҳбари ташаббускору пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки захираҳои об эътироф шудаанд, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Дар робита ба ин аз суханони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан айни муддаост: «Давоми соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи мамлакати мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтанд. Ҷумҳурии мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».

Сарвари давлат дар баробари масоили дохилии ҷумҳурӣ ба мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ диққати махсус дода, онҳоро дар заминаи ақидаҳои мухталифи илмӣ омӯхта, барои ҳаллашон тадбирҳои мушаххас меандешанд. Ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами имрӯзаи кураи арз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад. Ҳар ду ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдоми наҷибро пешниҳод доштанд, ки ин ташаббусҳои оқилона аз ҷониби тамоми мамолики дигари ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд.

Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 1 октябри 1999 дар саросари ҷаҳон соли 2003 — Соли оби тоза эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти мамлакатам- шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор шуд. Дар заминаи он дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёде амалӣ шуданд. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои миллат Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон дошт. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд асту аз онҳо зиёда аз 170 мамлакати мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳимияти ин масъала 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «Созмони Милали Муттаҳид- об» оид ба масоили истифодаи самараноки об суханронии пурмуҳтаво намуданд. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳодоти Президенти Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри соли 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намуд, ки он аз ҷониби 190 давлати олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайраташонро барои ҳалли на танҳо мушкилоти ҷумҳурӣ, балки масоили минтақавию ҷаҳонӣ равона намуда, ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Иқдоми чоруми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳаммуаллифи 177 давлати аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, далели бебаҳси ин гуфтаҳо аст.

Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар таъмини амнияти экологии сайёра нақши бағоят амиқ дорад. Маълум аст, ки дар аввали соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки чанде аз ин ҳадафҳо бевосита ба масоили экологӣ иртибот доранд. Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналхалқӣ давоми 15 соли охир беш аз 7 маротиба симпозиум ва конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалии марбут ба об баргузор шуданд, ки ҳамаи онҳо фарогири масоили глобалию экологии вобаста ба об буданд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи он мамлакатҳое аст, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта бо суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари ҷумҳурии мост. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Бино ба ҳисобҳои мутахассисон, агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, он гоҳ  сатҳи об дар рӯи Замин 64 м баланд мешавад, ки ин оғози аз байн рафтани ҳаёт дар як қисмати азими саёраи мо аст.

Дар асоси пажуҳиши ҳамаҷонибаи масоили марбут ба иқлим ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  1) таъмини намудани мамолики Осиёи Миёна бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва 2) Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намуданд, ки ин ташаббусҳо ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд. Масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси Пешвои миллат буда, 31 август — 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (Женева) ва 7-8 декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (Копенгаген) пешниҳод гардидааст.

Воқеан, агар бодиққат назар намоем, ба хубӣ дида мешавад, ки давлате назири Тоҷикистон бо чандин пешниҳодҳои наҷибонаи худ кӯшиши саҳм гузоштан дар ҳалли проблемаҳои доғи ҷаҳони муосир менамояд, ки инсоният имрӯз бо онҳо рӯбарӯ мебошад. Дар ин миён, бояд гуфт, ки ин ташаббуси нахустини Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуда, ки боиси дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Қаблан низ чандин таклифу пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллат мавриди пазироии сокинони сайёра, хусусан созмони муҳташаме, чун Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус Роҳбари он мушкилоти рӯзафзуни сокинони сайёраро барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба хубӣ дарк намуда, ҳамчун ҷумҳурии дорои захираҳои бузурги оби тоза ва ташаббускори ҳалли ин гуна проблемаҳои муҳими инсоният ҳамеша дар ҷаҳду талош буданду мебошанд. Воқеан ҳам, имрӯз ҷумҳурии мо таҳти сарварии Пешвои башардӯсту халқпарвари миллат барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири ин даҳсола, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанде қабл аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад.  Аз ин рӯ, роҳбари ҳар давлати ҷаҳонро зарур аст, ки чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатарҳои экологӣ дар миқёси сайёра чора ва тадбирҳои аввалиндараҷа андешад.

Тавре гуфтем, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои наҷибонаи худ ҳамчун шахсияти фаъол дар тамоми чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист иштироку суханрониҳо намуда, бо муҳокимарониву масъалагузориҳояшон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта дар ин самтҳо равона месозанд. Хусусан, Пешвои миллати тоҷик диққати давлату созмонҳои гуногуни хориҷиро ба он мушкилоти минтақавию ҷаҳоние, ки аз норасоии об сар мезананд, равона карда, таъкид менамоянд, ки бартарафсозии саривақтии онҳо боиси беҳтаршавии муносибату робитаҳо байни мамлакатҳои гуногуни минтақаҳои ҳассоси дунё мегардад.

Барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор ва хушнудӣ  аст, ки Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 маҳз бо ташаббуси бевоситаи давлати Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст. Ин пешниҳод бори нахуст аз ҷониби Президенти Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея садо додааст. Дар ин чорабинии муҳим муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ибрози ақида намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таваҷҷуҳи бештар дар ҳалли масъалаҳои об ва муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об даъват намуданд. Дар робита ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои  сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар ҳаводиси марбут Президенти ҷумҳурӣ барои тақвият додани дастовардҳои то ба имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорони форум пазируфта шуда, барои тасвиб ба  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур гардид. Тавре маълум аст, ин қатънома чанде пеш қабул гардид, ки ин аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Ҳамзамон моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки барои тамаркуз кардан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ин иқдом 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77 – ум  бо қабули қатъномаи «2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо иттифоқи оро амалӣ гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, соли 2025 дар шаҳри Душанбе  Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Инчунин пешниҳоди дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, ҳазорҳо пирях, садҳо  кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои  одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати Худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надоранд. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Ҳамин тавр, тамоми ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои ҳадафҳои мақсаднок барои ҳалли мушкилоти дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта буда, тамоми башариятро барои мубориза бар муқобили тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ даъват менамоянд.

Фарҳод РАҲИМӢ,
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академик

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2025 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Майдони «Истиқлол» барномаи фарҳангии фараҳафзо баргузор гардид
Дар шаҳри Москва ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бошукуҳ таҷлил гардид
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби блогерони хориҷӣ тарғиб мешаванд
Дар Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз пуршукуҳ таҷлил гардид
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешаванд
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иди Наврӯзро таҷлил намуданд
Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуданд
Имрӯз ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Майдони Истиқлоли пойтахт барномаи консертӣ бо мушакпаронӣ доир карда мешавад
«Корвони наврӯзӣ» аз чор дарвозаи пойтахт ба сокинону меҳмонон аз омадани Наврӯзи оламафрӯз мужда расонид
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон