Пайвандони маҳбусон: «Бахшиши ҷазои маҳкумшудагон намунаи барҷастаи инсондӯстӣ ва меҳру муҳаббати Пешвои миллат нисбат ба мардум мебошад»
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз субҳи имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 200 нафар- 53 нафар зан, 147 нафар мард ва 27 нафар ноболиғон озод карда шуданд. Аз ҷумла, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи ислоҳии 3/4 — Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ имрӯз 22 нафар маҳбусон озод карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ин муассиса ҳамчунин 237 нафар маҳбусоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуда буданд, марҳила ба марҳила озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ин фармон дар умум ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон марҳила ба марҳила бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Воқеан ҳам бахшиши ҷазои маҳкумшудагон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз намунаи барҷастаи инсондӯстӣ ва меҳру муҳаббати Пешвои миллат нисбат ба халқи хеш мебошад. Ин иқдом, ки дар асоси моддаи 69 Конститутсия ва бо такя ба принсипҳои инсондӯстӣ амалӣ шудааст, барои 897 нафар имкони нав фароҳам оварда, умеди бозгашт ба зиндагии солим ва созандаро дар қалби онҳо бедор месозад.
Имрӯз дар майдони назди муассисаи ислоҳии 3/4 роҳбарият ва дигар намояндагон бо нафароне, ки ба озодӣ баромадаанд, мулоқоти самимӣ анҷом дода, дар бораи моҳияти иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлат изҳори назар намуданд. Таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат бо дарки амиқи масъулият ва эҳсоси баланди инсонӣ пайваста барои таъмини адолат, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи ҳар шаҳрванд иқдоми некро амалӣ месозанд. Бахшидани гуноҳҳои маҳкумшудагон, ки ба муносибати идҳои миллию фарҳангӣ амалӣ мешавад, намунаи равшани ин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбат ба тақдири ҳар инсон ва миллати сарбаланди тоҷик аст. Падару модарон, хешу наздикони маҳкумшудагон, ки барои истиқболи фарзандони хеш омада буданд, аз иқдоми шоистаи роҳбарияти мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Модари яке аз маҳбусон Фирӯза Саъдуллоева дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сараввал миннатдории худро ба Сарвари давлат баён намуда, иброз дошт, ки яке аз ҳикматҳои писандидаву омӯзандаи ниёгони мо талқини омурзиш ва афви гуноҳ аст. Дар сарчашмаҳои қадим омадааст, ки гузаштагони мо дар айёми Наврӯз амалҳои нек анҷом медоданд.
«Боиси ифтихор ва шукргузории мо, мардуми тоҷик аст, ки ин таҷрибаи ниёгонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, роҳи авфу бахшоиш ва сулҳу дӯстиро пеша намудаанд», — гуфт ӯ.
Фарзона Эмомова аз наздикони маҳбусе аст, ки имрӯз дар доираи амали инсондӯстонаи Президенти Тоҷикистон озод гардидааст.
Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки «чунин тасмимҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаро танҳо шахси некбин рӯйи кор оварда метавонад. Барои бахшидани гунаҳкор дили бузург ва ҳиммату ҷавонмардӣ зарур аст. Дар дунё одамоне ҳастанд, ки ҳатто фарзандон ё пайвандони худро бахшида наметавонанд. Вале ин амал бори дигар шаҳодати иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлат дар мавриди афв кардану бахшидани гуноҳ аст, ки яке аз бузургтарин оини ҷавонмардӣ мебошад».
Наздикону пайвандони маҳбусон изҳори умеду боварӣ намуданд, ки онҳое, ки тибқи фармон аз ҷойҳои адои ҷазо ҷавоб дода мешаванд, хулосаи дуруст мебароранд ва минбаъд ба роҳи рост мераванд.
Бояд таъкид намуд, ки чунин иқдом ифодагари ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо чунин иқдоми инсодӯстона ва ғамхорию амали бахшида тавонистани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ то ба қабули фармони навбатии бахшиши ҷазо баъди имзои санадҳои дахлдори афв ва бахшиши ҷазо дар муассисаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмуъ нисбат ба 102 ҳазору 671 нафар татбиқ гардидааст, ки аз инҳо 58 ҳазору 233 нафар аз адои ҷазои чиноятӣ озод карда шудаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






