Парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Шарм-уш-Шайхи Миср амалӣ мегарданд

Март 17, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Easybooking Tajikistan» ва ширкати «FLY TJ» парвозҳои мунтазами чартериро аз Душанбе ба Шарм-уш-Шайхи Миср оғоз менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати «FLY TJ» хабар медиҳад.

Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба ҳар рӯзи якшанбе анҷом дода мешаванд. Парвози аввалин 11 май ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин рӯйдоди муҳим барои рушди сайёҳӣ масирҳои нав мекушояд ва ба сокинони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар яке аз маъруфтарин осоишгоҳҳои ҷаҳон истироҳат намоянд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун имкон доранд дар соҳилҳои Баҳри Сурх истироҳат намоянд, ки бе убури марз аз кишвари ҳамсоя барои парвоз ба Миср амалӣ мешавад. Қаблан ба шаҳрвандони мо зарур меомад, ки соатҳои зиёдеро сарф карда, роҳҳо, гузаргоҳҳо ва сарҳадҳои душворгузарро паси сар намуда, аз дигар кишварҳо ба Миср расанд.

Бо ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим ба Миср шаҳрвандони мо имкон пайдо менамоянд, ки бо ғанитарин фарҳангу мероси ин кишвар шинос шаванд. Ин ҳамзамон имконияти хуб барои ҷалби назарраси сармоягузории кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

Тавре директори ширкати «Easybooking Tajikistan» Хусрав Бозоров иброз намуд, хатсайрҳои фарогир ба Миср бо парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Шарм-уш-Шайх аз ширкати Easybooking аллакай дар тамоми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дастрас мебошанд. Ҳар шахс метавонад бо ин хатсайр парвоз ва дар соҳили Баҳри Сурх истироҳати фаромӯшнашаванда намояд.


Турҳои фарогир ба Миср аз ширкати EASYBOOKING аллакай дар тамоми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дастрас мебошанд. Ҳар шахс метавонад дар тур ҳамроҳӣ намояд ва дар соҳили Баҳри Сурх истироҳати фаромӯшнашаванда гузаронад.

Миср дорои соҳилҳои беназиру боҳашамат, ҷаҳони зери об, ёдгориҳои қадимӣ ва меҳмоннавозии шарқиёна мебошад. Инҳо, албатта, пирамидаҳои машҳур дар водии Гиза ва Сфинкс мебошанд. Парвози нави мустақим аз Душанбе ба сайёҳон имкон медиҳад, ки ҳамаи ин муъҷизаҳоро барои худ кашф намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои “EASYBOOKING”, “Сомон Эйр” ва “FLY.TJ” қаблан парвозҳои мустақимро аз Душанбе ба самтҳое чун Гурҷистон (Тифлис) ва Қатар (Доҳа) бомуваффақият роҳандозӣ карда буданд, ки ин ба ҳазорон тоҷикистониён имкон дод, то кишварҳои навро барои истироҳат кашф намоянд ва аз фарҳанги ин кишварҳо бохабар шаванд.

«EASYBOOKING Tajikistan» — ширкати миллии сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузорӣ аз Ӯзбекистон.

«FLY.TJ» — авиаагрегатори миллӣ.

«Сомон Эйр» — ширкати ҳавопаймоии миллӣ.

АКС: EASYBOOKING Tajikistan

Март 17, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад