Пешрафти матбуоти маҳаллии шаҳри Ҳисор ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд

Март 11, 2025 14:00

ҲИСОР, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиш рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.

Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки «таърихи матбуоти тоҷик ҳанӯз аз 11 марти соли 1912 бо нашри нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ сарчашма гирифта, дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо ҷилои нав рисолати худро идома дод. Он дар баланд гардидани шуур ва маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа саҳми муассир мегузорад.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар заминаи таваҷҷуҳ ва ҳамкории хоссаи Ҳукумати мамлакат бо матбуот ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарғиби идеяҳои баланди инсонӣ, инъикоси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ифшои камбудию бартарафсозии онҳо бо кормандони воситаҳои ахбори омма ҳамкории пайваста дорад.

Дар ҳамоиши идона гуфта шуд, ки «матбуоти маҳаллии шаҳри Ҳисор таърихи 91-сола дошта, пешрафти он бештар ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд. Дар даврони собиқ дар шаҳри Ҳисор танҳо як нашрияи маҳаллӣ фаъолият менамуд. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуот фарох гардида, 3 нашрияву маҷалла– «Ҳисори Шодмон», «Ҳисори Зарнисор» ва «Маорифи Ҳисор» дар пурра намудани фазои иттилоотӣ фаъол гардиданд. Матбуоти шаҳр дорои мактаб ва таърихи ғанӣ буда, дар баробари бузургтарин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти матбуоти ватанӣ саҳми беназир мегузорад».

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма диққати махсус зоҳир гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудаанд. Аҳли қалам бо истифода аз чунин имконот барои муаррифии таърихи пурғановати халқи тоҷик, фарҳангу тамаддуни оламгир, анъанаҳои миллию қадимӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ ва эътимод ба фардои саодатбахш меҳнат менамоянд. Инъикоси саривақтии пешрафту тараққиёти ҷомеа ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда самараи фаъолияти шоистаи рӯзноманигорон маҳсуб мешавад.

Дар анҷоми ҳамоиш Раиси шаҳри Ҳисор барои ҳамкории судманд ба намояндагони якчанд рӯзномаю маҷалла ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» сипосномаҳо тақдим намуд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад