Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия мераванд

Март 14, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-17 марти соли 2025 ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳанд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи сафар ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амниятӣ, инчунин мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои сарони давлатҳо як қатор санадҳо ба имзо расад.

АКС аз бойгонӣ

Март 14, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид