Шамсия Ҳасаналиева: «Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон бояд коркард ва ба бозори ҷаҳонӣ бароварда шаванд»
ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ривоҷ додани ҳунармандӣ дар мамлакат чандин санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ қабул намуд, ки дар асоси онҳо барои ҳунармандон имтиёзҳо муқаррар гардид. Ҳунарҳои мардумӣ яке аз воситаҳои муассири муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд. Тавассути маҳсулоти офарида ва ба фурӯш баровардани онҳо ҳунармандон на танҳо сатҳу сифати зиндагии худро боло мебаранд, балки дар рушди сайёҳии мамлакат низ саҳм мегузоранд.
Аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, ҳунарманд аз ноҳияи Шуғнон Шамсия Ҳасаналишоева беш аз 22 сол мешавад, ки аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ороишоти гуногун, аз ҷумла ангуштарин, гарданбанд, гӯшвора, дастпона ва армуғонҳои зебо омода менамояд. Маҳсулоти омоданамудаи ин ҳунарманд имрӯз дар бозори мамлакат ва берун аз он харидорони зиёд пайдо намудааст.
Ба андешаи ҳунарманд, ба маҳсули дасти онҳо таваҷҷуҳ доштану аз он харидорӣ намудани мизоҷон, хусусан занону ҷавондухтарон водор месозад, ки барои занону духтарон аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ороишоти зебою ҷолиби муосир пешниҳод намоянд.
Ҳамсуҳбати мо бо ифтихор аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сухан гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ намудани занони ҳунарманд изҳори миннатдорӣ менамояд.
«Боиси фараҳмандӣ аст, ки дар Тоҷикистон барои мо, ҳунармандон имконияти фарох фароҳам оварда шудааст. Таъсиси грантҳои президентӣ яке аз дастгириҳои Сарвари давлат мебошад, ки барои рушди фаъолияти ҳунармандон кумак мерасонад. Ба даст овардани маблағи бебозгашт гапи хушку холӣ нест. Ин маблағест, ки ҳукумат ба мо бовар намуда медиҳад. Дар ин замина мо бо эҳсоси масъулият ин маблағҳоро самаранок ва ба фоидаи оилаю давлат бояд истифода намоем»,-мегӯяд ҳунарманд.
Ба андешаи Шамсия Ҳасаналишоева, ҳар ҳунарманде, ки аз грантҳои президентӣ баҳравар мегардад, бояд пеш аз ҳама, дар назди худ мақсад гузорад, ки ба воситаи ин грантҳо коргоҳу корхонаҳои хурду калон бунёд намуда, ҳунари дастии худро на танҳо дар мамлакат, балки ба дигар давлатҳо низ содирот намояд. Зеро манфиати содирот зиёд аст.
«Дар ноҳияи Шуғнон коргоҳи истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва санги сурма таъсис додаем. Мо маҳсулоти хомро дастрас намуда, дар ин коргоҳ аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ороишот ваз ару зевар омода менамоем. Корхонаи истеҳсоли сурмаи Шуғнон дар ҷумҳурӣ ягона маконе мебошад, ки сурмаҳои ороишӣ истеҳсол менамояд»,- мегӯяд Шамсия Ҳасаналишоева.
Ба андешаи ин ҳунарманд, «93 фоизи Тоҷикистон кӯҳистон аст ва дар ин кӯҳҳо сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо зиёд мебошанд. Аз ин рӯ мо мехоҳем онҳоро коркард намуда, ба бозори минтақа ва ҷаҳон маҳсулоти тайёр пешниҳод намоем».
Ҳунармандон бештар сангҳои лаъл, ақиқ, лоҷувард, рухом, аметист, амазонит, булӯрӣ, сиёҳӣ, санги сутун, мармарҳои рангин, забарҷадро, ки ашёи хом мебошанд, дастрас намуда, онҳоро коркард менамоянд. Дар натиҷа ба мизоҷон маснуоти ороишии дорои сифтаи хуб ва намуди зебои диққатҷалбкунандаро пешниҳод менамоянд.
«Лаъли Бадахшон солҳои тӯлонӣ дар ҷаҳон ба мисли ёқут шуҳрат пайдо намудааст. Маҳсулоти заргарии аз он офарида баробари маҳсулоти аз ёқут омодашуда арзиш дорад. Бадахшон бо сангҳои аслии худ беш аз пеш ном бароварда, таваҷҷуҳи оламиён ба ин диёри кӯҳсор ва боигариҳои зеризаминии он боз ҳам бештар мешавад. Ҳамин аст, ки шумораи сайёҳон ба вилоят сол то сол зиёд мегардад», — иброз дошт Шамсия Ҳасаналишоева.
Сангҳои гаронбаҳои Бадахшон ҳанӯз аз қарнҳои бостонӣ диққати оламиёнро ба худ ҷалб мекарданд ва лаълу лоҷуварди он дар бозорҳои Шарқ на танҳо бо нархи тилло, балки бештар аз он арзиш доштанд.
«Соли равон мехоҳам лоиҳаи грантии худро дар самти таъсис додани корхонаи коркарди санг пешниҳод намоям. Зеро мехоҳам корхонаи худро васеъ намуда, занони хонанишин, ҷавонон ва хусусан наврасонро ба ин ҳунар ҷалб намоям»,-иброз дошт ҳунарманд.
Рушди босуръати саноатикунонии мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) ба он мусоидат намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат давоми солҳои охир соҳаи саноати истеҳсолӣ ба таври назаррас тараққӣ намояд. Дар амалисозии ин иқдоми созанда соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ саҳми муносиб мегузорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид






