Соҳибкорони Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос гардиданд

Март 16, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 март ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ шинос гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Соҳибкорони Чин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷпроф», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайр Суғд» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ  ба меҳмонон доир ба фаъолият ва имтиёзҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» маълумот пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 16, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд